Котиба-коргузор

Дата публикации: 3 года назад
Войдите чтобы увидеть зарплату

Сведения о вакансии

  • Местонахождение:
    Фирдавси, Душанбе, Таджикистан
  • Компания:
  • Тип:
    Постоянная
  • Смена работы:
    Полный день
  • Позиции:
  • Опыт:
    более 1 года
  • Пол:
    Женский
  • Истечение срока подачи:
    2 года назад

Преимущества вакансии

- Рузи корӣ 5/2 аз соати 8:00 то 18:00
- Маоши саривақтӣ
- Хӯроки нисфирӯзӣ аз ҳисоби Ширкат
- Пайвасти мобилӣ+интернет
-  Имконияти омӯзиши корпоративӣ, болоравии касбӣ ва мансаб дар ширкат.

Описание вакансии

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия - ҶДММ “АКИА АВЕСТО АВТОМАТИВ ИНДАСТРИ”, ки истеҳсол ва банду басти автобусҳои мусофирбари тамғаи “AKIA” - ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои миллӣ - саноатикунонии кишвар саҳм мегузорад, номзадҳои соҳибкасбро ба вазифаи котиба - коргузор даъват менамояд:

 

 Ӯҳдадориҳои асосӣ:

ü  Қабули зангҳои телефонӣ, вохуриҳо, қабули меҳмонон, ташрифкунандагонро ташкил намуда, қайди қабули назди директори генералиро мебарад; 

ü  Таъминоти техникии кори директори генералиро иҷро менамояд (фармоиши чиптаҳо, нақлиёт; ташкили гуфтушунидҳо, вохуриҳо ва ғайраҳо). Сафарҳои корӣ ва шахсии директори генералиро ташкил мекунад: барасмиятдарории дархостҳо барои сафарҳо, бронкунии чиптаҳо ва меҳмонхонаҳо,  ташкили пешвозгирӣ дар фурудгоҳ, ёрӣ ба гирифтани раводид ва ғайраҳо.

ü  Ҷойи кории директори генералиро бо воситаҳои техникаи ташкилотии зарурӣ ва маводҳои канселярӣ таъмин менамояд, шароити мусоид ба фаъолияти самараноки роҳбар фароҳам меорад; риояи тозагӣ ва тартиботро дар ҷойи кории директори генералӣ таъмин менамояд.

ü  Бо супориши директори генералӣ масъалаҳои алоҳидаро бо кормандони воҳидҳои сохторӣ мувофиқа менамояд, фармоишҳо ва супоришҳои директори генералиро ба маълумоти онҳо мерасонад; иҷрои фармоишҳо ва супоришҳоро ба назорат мегирад.

ü  Маълумотҳо ва маводҳое, ки ба директори генералӣ зарур мебошанд, ҷамъ мекунад, маводҳои маълумотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигарро  омода намуда, ба директори генералӣ пешниҳод мекунад.

ü  Ҳуҷҷатҳоро барои баррасии директори генералӣ қабул менамояд, ҳуҷҷатгузориро мебарад, аризаҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатҳоро барои имзои директори генералӣ қабул менамояд, онҳоро ба қайд мегирад, ба директори генералӣ пешниҳод мекунад. Саривақт ва дуруст ҳуҷҷатҳоро ба иҷрокунандагон тақсим намуда, назорат иҷроиш ва маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳоро таъмин менамояд.

ü  Бо супориши директори генералӣ дархостҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро тартиб медиҳад. Бо дархости директори генералӣ тарҷумаи шифоҳӣ ва хаттиро иҷро менамояд (тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ ва русӣ).

ü  Корҳоро оид ба омода намудани ҷаласаҳо ва вохуриҳои директори генералӣ иҷро менамояд: ҷамъ кардани маводҳои зарурӣ, тайёр намудани ҷой ва таҷҳизот барои вохуриҳо, огоҳ намудани иштирокчиён дар бораи вақт ва макони баргузорӣ, маърӯза, бақайдгирӣ; протоколҳои ҷаласа ва вохуриҳоро мебарад, барасмият медарорад ва ба маълумоти иштирокчиён мерасонад.

О компании

Фирдавси, Душанбе, Таджикистан

Первая и единственная компания в Республики Таджикистан, которая занимается выпуском автобусов согласно международным стандартам и вносит огромный вклад в индустриализацию страны. Производственная мощность автобусов в год составляет 100 человек. комп... Польный просмотр

Google карта

Свяжитесь с нами
735140, Tajikistan, Dushanbe, Ismoili Somoni district, Hofizi Sherozi Avenue, Tahmos 377а str, "Navruzgoh" building.