Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, ки аз мавқеъ ва ҳадафҳои иҷтимоии он аксарияти ҷавонони Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунад ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон буда, дар тарбияи насли наврас, пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.
Ҳадафи асосии Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон; пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонони тоҷик, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ; донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас мебошад. Аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷавон дар хориҷи кишвар пуштибонӣ менамояд.
Тамоми аъзоёни Иттифоқ вазифадоранд дар амалӣ намудани ҳадафҳои он саҳмгузор бошанд ва рисолати таърихии хешро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро намоянд.